Раванди корҳои таблиғотӣ дар маҳал

2023-04-17

Мутобиқи нақшаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор” №50, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо интихобкунандагон дар деҳаи Бахти ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.

Дар мулоқот Исмоилзода Зуфар доираи паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро барои бо сарбаландӣ истиқбол гирифтани тантанаҳои наврузӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифтитоҳи иншооти гуногуни хизматрасонӣ муборакбод намуд. Ҳамчунин, зимни суҳбат доир ба масъалаҳои тарбияти ватандустӣ, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти фарзанд, тарғиби варзиш ва беҳдошти саломатӣ таваҷҷуҳ карда шуда, сокинон ба корҳои созандагию ободонӣ, ватандӯстию гиромидошти арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ташкили корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашарҳои дасттҷамъӣ ҳидоят гардиданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи бунёдӣ ва аслии ҲХДТ ваҳдатмеҳварию ягонагӣ, сулҳгароиву мардумсолорӣ, таъмини ояндаи дурахшони шаҳрвандон ва расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар буда, маҳз ҳамин аҳдофу мароми ҲХДТ боис гардид, ки он ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор ва ба таъбири коршиносони масоили сиёсӣ “фаротар аз як неруи сиёсӣ” тӯли 28 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум», ҷомеаро ба масири пурифтихори сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ расонид.

Аз ҷониби сокинони деҳаи Бахти ҷамоати деҳоти Равшан ба вакил доир ба масъалаи об, замин, таъмири роҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ саволҳо пешниҳод гардида, ҷавоб ва тавсияҳо дода шуд. Дар доираи сафар ба ноҳияи Зафаробод Исмоилзода З.М., аз сохтмони бинои нотамоми МТМУ № 16-и деҳаи Ҳаёти Нав дидан карда бо хонандагон ва устодони ин муассисаи таълимӣ мулоқот доир намуд.