Бо сокинони маҳаллаи Аллачабофон вохӯрӣ доир гардид

2023-04-14

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 тибқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони маҳаллаи Аллачабофон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Сайдалӣ Шамсов мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Муслим Усмонзода мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳалаи Аллачабофон вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Маромномаи сокини пойтахт”, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе суҳбат доир гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ мавсуф иброз дошт, ки тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон ва дар ин замина ташаккули ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад.

Қайд гардид, ки барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад, мо насли рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаётдида бояд дар дили ҷавонон бедор намоем, иброз дошт Сайдали Шамсов.

Дар идомаи вохӯрӣ Усмонзода Муслим вобаста ба ташаббуси панҷуми Пешвои миллат, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳимму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки 21- 24 марти соли равон дар шаҳри Нию-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сислсилаи чорабиниҳое доир гардид, ки аз лиҳози моҳияту махсусият беназир буда, мақому манзалати бениҳоят баланд, обрӯву нуфузи хоса ва маҳбубияти бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба маҳзари ҷаҳониён гузошт.