Ташаккули ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ омили асосии устуворӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорист
2023-04-14
Таърихи гузаштаи
давлатдориву давлатсолорӣ гувоҳ аст, ки сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагии халқу
миллатҳо омили асосии рушди устувори ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию
фарҳангии давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таъмини суботу амният нақши созгор
мебозанд. Дар воқеъ метавон гуфт, ки
барои ҷомеаи мо ин ду унсур - «Ваҳдат» ва «Истиқлолият» яке аз дастовардҳои
бунёдии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳкими суботи сартосарии кишвар маънои
“низомсозӣ”-ро таҷассум мекунанд ва пойдории онҳо бо ҳам зич вобаста мебошанд.
Бинобар
ин, пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар дар назди давлату миллати
тоҷик масоили зиёде ба миён омаданд, ки онҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ
иртибот доштанд ва масъалаи аввалине, ки дар ин маврид ба миён омад, баҳсҳо
атрофи доираи ҳувияти миллӣ буд. Масъалаи ҳувияти миллӣ то ба имрӯз идома ёфта
истодааст.
Зеро
дар шароити кунунии рушди давлатдории миллии тоҷикон тақвият ёфтани ҳувияти
миллӣ яке аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Тақвияти давлатдории миллиро дар
шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ бе мустаҳкам намудани ҳувияти миллӣ тасаввур намудан
ғайриимкон аст. Дар баробари ин, рушди ҳувияти миллӣ метавонад, омили
наҷотбахши кишвар ва давлатдории миллӣ аз ҳар гуна хатарҳои муосир аз қабили
ифротгароӣ ва терроризм, моҷароҳои қавмиву мазҳабӣ ва дигар муаммоҳои
зуҳурнамуда дар шароити имрӯза гардад. Инчунин, ташаккули
ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ омили асосии устуворӣ ва таҳкими пояҳои
давлатдорист.
Ҳукумати мамлакат
таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои
миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти унсурҳои ҳувияти миллӣ ва боло бурдани худшиносии
миллӣ тадбирҳои қатъӣ андешида истодаанд. Тадбирҳои андешида ва амалигардида аз
унсурҳои муҳимми ҳувияти миллии
тоҷикон дарак медиҳад. Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
бораи забони тоҷикӣ” аз 5
октябри соли 2009, барпо намудани ҷашнвораҳои бузурги сатҳи давлатӣ, аз қабили
“Бузургдошти 1100 - солагии давлатдории Сомониён”, “1150-солагии
сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, эълони соли 2006 ҳамчун
“Соли фарҳангу тамаддуни ориёӣ”, таҷлили “2700 – солагии шаҳри Кӯлоби бостон”,
“Гиромидошти 1130 - солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазир дар ислом Имом
Абӯҳанифа”, “5500 – солагии Саразми бостон”, ҳамасола бошукӯҳ ҷашн гирифтани
иди байналмилалии Наврӯз ва идҳои мазҳабие, чун Иди Фитр ва Иди Қурбон, эҳёи
ҷашнҳои миллиямон чун Меҳргон ва Садда аз
чораҳои амалӣ дар самти мустаҳкам намудани ҳувияти миллии мо дарак медиҳанд.
Дар баробар ин барои насли
ҷавону ҷомеаи кунунии кишвар рӯйдоди муҳимме,
ки дар фаҳми масъалаи худшиносии миллӣ чун дигар маъхазҳо саҳми назаррас дорад,
ин ба нашр расидани китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» мебошад. Мутмаинем, ки омӯзиш ва аз худ намудани муҳтавои ин китоб метавонад ба
баҳсҳои ҳувият дар ҷомеаи мо такони ҷиддие бахшад, зеро дар он тамоми ҷабҳаҳои
ҳувият ва андешаи миллӣ инъикос гардидаанд.
Дар сиёсати
хирадмандона ва таълифоти Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне ҳувият ва
худшиносии миллӣ дар ҷойи
аввал меистад. Пешвои миллат, зимни ҳар суханронӣ гаштаву баргашта, хотиррасон
мекунанд, ки: “Инсон бояд қувва ва имконоти худро дар вобастагии кул бо доираи
манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад, худро нисбат ба тақдири Ватан
масъул шуморад”.
Пас, бо итминони комил
иброз медорем, ки дар ҷомеаи
кунунии Тоҷикистони азиз барои ҳар як фарди комилу худшинос маншаи илҳом дар
роҳи ватанхоҳӣ ва садоқат бар ин марзу бум сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Чунон ки Ҳошим Гадоев,
Артисти халқии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мегӯяд: “Ба ман хушбахтии беназире насиб
гашт, ки нақши Исмоили Сомониро дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва намоишномаи «Шоҳ
Исмоили Сомонӣ» иҷро намоям.
Аз ин рӯ, чун
гавҳараки чашм ҳифз намудани сулҳу амнияти Ватан, заҳматҳои асосгузорӣ онро гиромӣ доштан ва
роҳи интихобкардаи ӯро идома додан – ин қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда,
гувоҳи эҳтиром ба муборизаи халқи тоҷик барои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати
миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо умеди фардои дурахшону ояндаи пурғановат,
Тоҷикистон ба пеш!
Муҳаммадҷони Абдувоҳид,
вакили Маҷлиси
вакилони халқи шаҳри Кӯлоб