Ташкилоти ибтидоӣ - асоси ҳизб

2023-04-13

Бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ҳабибзода Зоир, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Муродов Ҷурабек ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ғанизода Гулчеҳра аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар» - и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боздид ба амал оварда шуд.

Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ имрӯзҳо дар асоси нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида омӯзиши фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.

Нахуст, зимни вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар» зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати баланд намудани мақоми омўзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани замина барои омўзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳо бо фаъолияти муассисаҳои Академияи илмҳо тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.

Дар идома, ҳолати ҳуҷра корӣ ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилоти болозикр, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Ҳамзамон, корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва ҳолати варақаи узви ҳизб ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз назар гузаронда шуд. Дар рафти омӯзиш, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ кумаки амалӣ-методӣ расонида шуд.

Дар анҷом зикр гардид, ки дар тӯли фаъолияти худ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ниҳоди сиёсии пурнуфуз табдил ёфта, тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар сафҳои худ муттаҳид намудааст ва бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо фаъолият намуда истодааст.