ОСОРХОНА ТАЪРИХИ ЗИНДАИ ҲАР МИЛЛАТ АСТ

2023-04-13

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд хониши сиёсӣ таҳти унвони “Осорхона таърихи зиндаи ҳар миллат аст” ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

 Нахуст, ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Нодира Олимова муовини директори осорхона оид ба корҳои илм вобаста ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки бо қарори ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 1984 ҳамасола 18 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ соли 1950 оғоз гардида, тибқи рӯйхати мазкур 205 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, инчунин 159 адад ёдгориҳои бостонии бақайдгирифташуда, вале таҳқиқношуда ва давраи дуюми бақайдгирии он соли 1971 сурат гирифта, 2020 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалиро дар бар мегирифт.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, шумораи муассисаҳои вобаста ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб афзуд.

Сипас, сайри илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба аҳли кормандон аз ҷониби Сайфиева Шарифахон мудири шуъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи осорхона сурат гирифт.

Сайри илмӣ нахуст, аз толори якум “Ҳаёти одамони асри санг” номгузорӣ гардидааст, оғоз ёфт. Қайд гардид, ки толори мазкур аз тарафи Ёдгоров Комил – Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии профессор Шарофиев С.Ш., созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш дода шудааст.

Толори дуюм, “Давраи фулузӣ” номгузорӣ гардида, дар он ташаккулёбии инсонҳо нишон дода шудааст.

Толори тамаддуни ориёӣ ба ифтихори соли бузургдошти “Тамаддуни Ориёӣ” – соли 2006 бахшида шудааст. Толори мазкур аз тарафи рассом, дорандаи ҷоизаи вилояти ба номи Камоли Хуҷандӣ, Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Ғафурҷон зери роҳбарии профессор Марофиев С.Ш., ороиш дода шудааст. Тамаддуни ориёиҳо бо рамзи ориёӣ болои матоъ, ки аз тарафи Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова дӯхта шуда, дар пештоқи толори мазкур гузошта шудааст.

Толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик дар се намуд бо экспозитсияҳои мавзӯӣ таъмин аст, ки онҳо аз ҷиҳати даврабандии таърихӣ ба ҳам мувофиқат мекунанд. Толор аз тарафи рассом Маҳмудов Акбар дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ зери роҳбарии Марофиев С., Турсунов Н., Бузурков К., Атаева К., Дадохӯҷаев Ф., Файзуллоев М., Тоатов Ҳ., Аҳмадов Ш., Мирбобоев А., ва дигарон ороиш дода шудааст.

Толори эллинистӣ аз тарафи Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ботуралиев Раҳматҷон созмон дода шуда, бо санъати кошинкории фрорентсиявӣ ороиш ёфтааст. Дар созмони экспозитсия сангҳои мармари ранга, ки дар кӯҳҳои Помиру кони Консой мавҷуданд истифода шудаанд. Дар толор нуҳ лавҳа мавҷуд буда, ҳар яке аз ҳайтӣ Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ нақл менамояд, аз наздик шинос шуданд.

Ҳамзамон, дар осорхонаи мазкур қасрҳои муҳташам, сутунҳо, ҳайкалҳо, ки дар Тахти Ҷамшед қомат афрохтаанд, ҳамчунин нусхабардорӣ аз катибаи Бесутун, нимпайкараи Дорои I ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

Ҳайкали Темурмалик – Қаҳрамони халқи тоҷик гузошта шудааст, ки муҷассамаи мазкур аз тарафи муҷассамасози ҷавону боистеъдод Давронҷон Раҳматов дорандаи ҷоизаи вилояти ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шуда, бо баландиаш 3,5 метр, ва истифодаи 4 тонна метали биринҷӣ омода гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ҳафтае як маротиба хониши сиёсӣ бо ҷалби мутахассисони варзида дар мавзӯъҳои гуногун баргузор мегардад.