Ташкилоти ибтидоӣ - асоси ҳизб

2023-04-12

Таҳти ҳамин унвон ҷиҳати таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ имрӯзҳо дар асоси нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида омӯзиши фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.

Вобаста ба ин, имрӯз 12 апрели соли 2023 бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Латифзода Асрор Қурбон, Розиқ Нурзод - мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ифтихор"-и Бонки миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Нахуст бо роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ифтихор» вохӯрӣ доир гардида, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи бандҳои барномаи худ ҷиҳати таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ корҳои назаррасеро анҷом додааст.

Дар ин раванд, ҳангоми боздид ҳолати ҳуҷра ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилоти болозикр, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботи Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар идомаи боздид корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва ҳолати варақаи узви ҳизб ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуд.

Дар рафти омӯзиш, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ кумаки амалӣ-методӣ расонида шуд.