Эмомалӣ Раҳмон–ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон
2023-04-12
Барои мо сокинони
Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор аст, ки ташаббуси панҷуми Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар соҳаи об санаи 14 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони
Милали Муттаҳид якдилона ва бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид.
Воқеан, қабули ин
қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи
ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ
тадбирҳои муштараки зарурӣ андешанд.
Об ҳамчун омили асосии
мавҷудияти ҳаёт яке аз захиарҳои асосии табиӣ бениҳоят муҳимми сайёра ба шумор меравад. Истифодаи
захираҳои обӣ, масъалаҳои
марбут ба он ва ҳифзи захираҳои обӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат иқтисодиёт,
тафаккури ҷамъиятии мардум
ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбанд.
Моҳи марти соли 2021 Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами
ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуда, пиряхҳоро
захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии бо суръати онҳо
дар баробари зиёдшави истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастаги
дорад, метавонд ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Ёдовар мешавем, ки дар
доираи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон
гардида, аз оғози соли 2025 баъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии
пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Ин рӯйдоди воқеан ҳам таърихӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун
кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ
мустаҳкамтар намуда, обруву нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати башардӯсту
тамаддунофар боз ҳам баландтар месозад.
Бояд
қайд намоем, ки нахустин ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ҳанӯз соли 2003 қабул
гардида буд. Яъне соли 2003 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо
ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмилалии “Оби тоза” эълон гардид. Минбаъд,
солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд.
Дар
ин миён, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи тамоми кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи норасоии оби
тоза дар сайёра ва ҳамкории ҳамаҷониба дар ин самт ташаббуси нави Тоҷикистон
пазируфта шуда, соли 2013 – Соли байналмилалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон
гардид.
Ташаббуси
чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали
Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ин эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи
байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, мебошад.
Ташаббуси
панҷуми Тоҷикистон, тавре дар боло зикр гардид, ба ҳифзи пиряхҳо дахл дорад, ки
манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, пиряхҳо дар баробари
манбаи асосии оби тоза будан, инчунин аз аҳаммияти баланди ҳаётӣ бархурдоранд
ва тақдири минбаъдаи сайёра аз онҳо вобаста аст.
Бо
назардошти тағйирёбии босуръати иқлим дар ҳолати ба таври дахлдор наандешидани
чораҳои дастаҷамъона дар ин самт сайёра ба ҳодисаҳои фалокатбори экологӣ рӯбарӯ
мегардад. Яъне ин пешниҳоди Тоҷикистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои
мардуми тамоми сайёра иқдоми саривақтӣ ва наҷотбахшанда аст.
Ин
иқдом бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари аз вартаи парокандагӣ наҷод додани миллати тоҷик
дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, имрӯзҳо дар андешаи наҷоти мардумӣ сайёраи
замин аз вартаи хатарҳои экологӣ мебошад. Ҳамзамон, дар шароити аз лиҳози сиёсӣ
мураккаб шудани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ироаи чунин пешниҳод ба муттаҳид шудани
мардуми ҷаҳон баҳри пешгирӣ аз мусибатҳои табиӣ, ки оқибатҳои он аз хатарҳои
ҷанги нави ҷаҳони кам нестанд мусоидат мекунад. Яъне ин пешниҳод пайғоми сулҳу
дӯстӣ ва иттифоқу ягонагӣ барои кулли мардуми сайёра ба ҳисоб меравад.
Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии
Тоҷикистон дар
ноҳияи
Тоҷикобод