Ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Душанбе-меҳвари ташаббусҳои созанда ва пойтахти сулҳу ризоият”

2023-04-12

12 апрели соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Душанбе-меҳвари ташаббусҳои созанда ва пойтахти сулҳу ризоият” баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ширинбекзода Садриддин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Иброҳим Мирзозода, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Кароматулло Олимов, шоири халқии Тоҷикистон, Аскар Ҳаким, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Жило Гулназарзода, директори Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино - Саидзода Баҳром, роҳбарони сохторҳои ҳизбии пойтахт, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат намуданд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мирзозода Иброҳим ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳошияи дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар марҳила ба марҳила ба сифати яке аз шаҳрҳои пешрафта дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардида, мавқеъ ва нуфузашро рӯз то рӯз фаррохтар намуда истодааст.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Ширинбекзода Садриддин зимни суҳбат зикр доштанд, ки ободию бунёдкориҳои фавқуззикр дар миқёси пойтахт аз ташаббускории шаҳрдори оқилпеша ва сарҷамъии мардуми кишвар далолат медиҳад. Дар навбати худ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин, дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон масъулият ва ӯҳдадорӣ маҳсуб мешавад.

Академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Кароматулло Олимов, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода ва шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким вобаста ба ободонӣ ва дастовардҳои назарраси қалби поку муқаддаси Тоҷикистон-шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.

Дар идома гуфта шуд, ки аз 1 марти соли 2005 инҷониб шанбеи сеюми моҳи апрел тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи Рӯзи пойтахт дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.

Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои дурбинона ва созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе дар марҳилаи дуюми рушд қарор дошта, тайи чанд соли охир бо бунёди иншоотҳои муосир симои пойтахт куллан тағйир ёфтааст.