Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон

2023-04-12

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи тадорукот бо мақсади баргузории конфренсияи умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва ифтихори ҷашни 145 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузорӣ адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, 115 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар кори он, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, ректорони муассисаҳои олӣ, олимону донишмандон, муҳаққиқон ва дигарон иштирок намуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар аҳли нишастро хайрамақдам намуда, вобаста ба иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ дар самти баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуд.

Мавсуф, қайд намуд, ки бо мақсади мусоидат дар рушди илм, қадршиносии хизматҳои олимону муҳаққиқон ва дарёфту муаррифии чеҳраҳои нави илм, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтааст, ки санаи 27 апрели соли 2023 дар толори Донишгоҳи мазкур конфренсияи умумиҷумҳуриявӣ танҳи унвони «Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва ба ифтихори 145 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузорӣ адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва ба ифтихори 115 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор намояд.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.

Зикр гардиди, ки конференсияи мазкур аз бахшҳои фанҳои гуманитарӣ (забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, таъриху фалсафа, методика ва педагогика,), фанҳои дақиқ ва фанҳои табиатшиносӣ (математика, физика, биология, химия, экология) ва фанҳои ҷамъиятшиносӣ (сиёсатшиносӣ, илмҳои иқтисодӣ, назарияи давлат ва ҳуқуқ) иборат буда, мавзӯъҳо дар доираи бахшҳо озод мебошад.

Ба кори конференсия олимону донишмандон, муҳаққиқон, аспирантону магистрантон ва унвонҷӯён даъват мешаванд.

Дар охир, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани конференсияи мазкур аз ҷониби аъзои кумитаи тадорукот баъзе таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд.