ҲХДТ: ОМЎЗИШҲОИ ИДОРАВӢ ИДОМА МЕЁБАНД

2023-04-12

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади такмили ихтисос, баланд бардоштани малакаи касбӣ, рушди механизмҳои наву муосири корӣ, сайқал додани донишу таҷриба, аз худ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, самти коргузорӣ ва кор бо кадрҳо, усулҳои наву замонавии тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб ва табодули таҷриба машғулияти навбатӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар доир гардид.

Мавсуф дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон» ва дарёфти роҳҳои муассири густариши эҳсоси ватандустӣ” суҳбат намуда, зикр дошт, ки ватандўстӣ инъикоскунандаи хусусиятҳои рўҳиву равонии афроди ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихиву сиёсии миллат ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору ғурури созандагии миллӣ аст.

Дар идома ёдовар шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Дар ин радиф тазаккур дода шуд, ки ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зўроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

Аз ҷумла басо бамаврид ёдовар шуданд, ки намунаи олии амали ватандӯстона дар хизматҳои шоёни таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад.