Ватандӯстӣ омили таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ

2023-04-11

Дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғафурзода Абдухалил, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимниё Илҳомиддин – аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизб Бобозода Шариф Қаноатшо - муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қурбонзода Убайдулло зимни суханронӣ зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ алалхусус таҳдиди хатарҳои замони муосир моро лозим аст, ки ба арзишҳои миллии хеш бештар арҷгузор бошем.

Сипас Ғафурзода Абдухалил зимни маърузаи худ афзуд, ки ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ моҳият ва ҳусусиятҳои инкишофёбандаи худро доро мебошад. Дар таърихи ҳар як давлату миллат марҳилаҳое ҳастанд, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварии шаҳрвандон тақвият меёбанд. Барои мисол ба даст овардани истиқлоли сиёсиву давлатӣ дар таърихи муосири кишвар барои ҳар як шаҳрванди солимфикру равшанфикри Тоҷикистон дастоварди беназир буд. Соҳибистиқлолӣ тавонист, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон боз як бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дар бораи кишвари худ, таърих ва фарҳанги он таҷдиди назар намоянд. Дар ин раванд корҳои бузурге ба анҷом расонида шуд.

Инчунин гуфта шуд, ки мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошем ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоем. Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Дар идома Ҳакимниё Илҳомиддин тазаккур дод, ки рисолати ҳар яки мову шумо чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани фазои тинҷу ороми Ватани азизамон буда, дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар руҳияи худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки сокини пойтахт будан шарафи бузург буда, дар айни замон масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб менамояд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки ҷавонон қувваи бузург ва нерӯи созанда ва ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз бояд ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дар ҳолатҳои ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, дар раванди давлатсозии навини миллӣ саҳмгузор бошанд.