Дирӯз, имрӯз ва фардои Душанбе

2023-04-11

Таҳти ҳамин унвон, дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ оғоз гардида, сипас намоиши кӯтоҳи филми мустанад оид ба таърихи пайдоиш ва раванди ташаккулёбии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо факту далелҳои муътамад ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Дар идома маърӯзачиён Муродов Ҷурабек, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Олимов Кароматулло, ходими давлатӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Баҳромзода Фариддун, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Сино” оид ба таърихи таъсисёбии шаҳри Душанбе, раванди ташаккулёбии он ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди бунёдкориҳои шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва дастовардҳои он дар ин давра, васфи зебоиҳову гулгулшукуфиҳои пойтахт, инчунин, ҳолати имрӯзу фардои пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе иброзӣ андеша намуданд.

Зикр гардид, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо азму иродаи қавии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз пойтахти кишвар бо зебоии худ ба як шаҳри ободу пешрафтаи дунё табдил ёфтааст.

Қайд гардид, ки шаҳри Душанбе ҳарчанд шаҳри ҷавон аст, вале ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулбаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон маҳсуб ёфта, таърихи пайдоиши он бештар аз ду ҳазору сесад солро дар бар мегирад.

Имрӯз шаҳри Душанбе аз ҷумлаи амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, унвони “Шаҳри сулҳ”-ро ба худ касб кардааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд, ки ин аз ободиву пешрафт ва амнияти сартосарии он далолат дода, мавқеи устувор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ муайян менамояд.