Мулоқоти судманд дар Шинг
2023-04-10
Ҷиҳати дар амал татбиқ
намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои КИМ ҲХДТ ва КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд, вохӯрии таблиғотии ҳизбиёни шаҳри
Панҷакент дар байни мардум пайваста баргузор гардида истодааст.
Субҳи имрӯз дар
ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати
деҳоти Шинг, дар ҳузури омӯзгорон, ҷавонон, имомхатибон, роҳбарони муассисаҳои
дар ҳудуди ҷамоат
ва сокинон, бо иштироки раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода мулоқот баргузор гардид.
Дар оғоз Мурод
Шукурзода оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили даъвати ҷавонон ба артиш,
шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, пешгирии ҷиноятҳо дар
байни ноболиғон, таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва
ҷашну маросимҳо, пешгирии хушунат дар оила, бедор намудани ҳисси худогоҳиву
хештаншиносӣ, аҳаммияти ҷиддӣ додан ба
тарбияти фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, ибрози андеша
кард.
Дар
идома тазаккур дод, ки дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба
ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он
фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба
анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби
дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими
муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ
миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи
якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла идоракунии
захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад.
Ҳамчунин, мудирони шуъбаҳои тарғибот ва иттилоот,
занон, ҷавонон ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Панҷакент суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми ҷомеа аз қабили пешгирии
хушунат дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ,
баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба варзиш, сафарбар
намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои
Мусаллаҳи кишвар ақидаҳои худро баён намуданд.
Дар охир чанде аз
фаъолони ҷамоат сухан карда, ҷонибдории худро ба Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, баён доштанд.