Ҷамъбасти ҳисоботи семоҳа дар ТИ "Фарҳангчиён"

2023-04-10

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳангчиён"-и бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси ҷамбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки Раҷабалӣ Назаралӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлиси ташкилоти ибтидоии мазкур масъалаи ҳисобот оид ба фаъолияти семоҳаи соли 2023, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст, намояндаи ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» Шарипова Наврӯзмоҳ зимни ироаи баромади худ зикр дошт, ки ташкилоти ибтидоии "Фарҳангчиён" дар давраи ҳисоботӣ, фаъолияти назаррас нишон дода, баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Дар ин радиф мавсуф ёдовар шуд, ки ҳизби мо таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб ва шоиста бобати таъмини амнияти зиндагии мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватан саҳми муносиб дорад.

Ҳамзамон, аъзои ташкилоти номбурда баҳри дар амал татбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, дар соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Пас аз баррасии масъалаҳо, Раҷабалӣ Назаралӣ ба сухан баромада, аз ташаббусҳои пайваста ва ҷаҳду талошҳои инсонпарваронаи Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд ва имкони боз як ташаббуси глобалии сабзи даҳсоларо ба даст гирифтани мо фоли нек арзёбӣ гардид. Таъкид намуд, ки саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии гидрографияи Осиёи Марказӣ хело бузург аст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки алайҳи ин таҳдидҳои бесобиқа нисбати табиат бетарафӣ зоҳир накарда, баръакс баҳри пешгирии ин омили хатарзои ҷомеа чораҳои мушаххасро рӯй даст гиранд, то дар оянда ин омилҳо боиси харобии табиати мунаввари мо нагардад.

Ҳамзамон, масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии касалии сироятӣ, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ аз мадди назар дур намонданд.