МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2023-04-10

Нимаи дуюми рӯзи, 7 апрели соли 2023 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки – Мирзозода Иброҳим Холмурод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Абдураҳмонзода Абдураҳмон – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарифзода Хушвахт Салим – муовини раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аъзоёни кумита, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, доир гардид.

Рўзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин, гузориши ташкилоти ибтидоии “Ифтихори миллат”-и Бонки милии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2023, дар бораи дастгирии маъюбон ва табақаҳои ниёзманд, бозхонди роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интихоби роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба ташкилоти ибтидоии ҳизби гузаронидани Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Бозори варзоб”, пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии №21 шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Нахуст рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзоёни кумита тасдиқ карда шуда, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ифтихори миллат”-и Бонки милии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидои дар се моҳаи аввали соли 2023 шунида шуд.

Сипас вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар бораи дастгирии маъюбон ва табақаҳои ниёзманд қарор қабул карда шуд.

Дар идома тибқи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис масъалаи бозхонди роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва интихоби роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон ба ташкилоти ибтидоии ҳизби гузаронидани Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Бозори варзоб” ва пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии №21 шаҳри Душанбе дар алоҳидагӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.