Пагоҳ дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад

2023-04-07

Дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-9 апрел дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, пагоҳ, 8 апрел, соати 17:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад.

Ҳамзамон 9 апрел, соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва Туркманистон доир карда мешавад.

Сипас баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон дар назар дошта шудааст.

Дар Анҷуман беш аз 67 ширкати калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои омехта, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, асбоби рӯзгор, қаҳва, туризм, сохтмон, савдо, маҳсулоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, маҳсулоти конселярӣ, текстил, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ ва ғайра иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар ҳошияи Анҷуман баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду ҷониб дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар аст.

Дар доираи баргузории Анҷуман мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардидааст.

Инчунин дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти зиёиёни эҷодкори Тоҷикистону Туркманистон дар назар аст.

https://khovar.tj/2023/04/pago-dar-dushanbe-alasai-yakumi-sh-roi-korii-to-ikiston-va-turkmaniston-barguzor-megardad/