Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ
2023-04-07
Дар толори мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ванҷ бо иштироки аъзои Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ванҷ Мардзода Одинашо, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ баргузор гардида дар он
аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ собиқадорони ҳизб аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан"
иштирок намудаанд.
Дар маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти
фаъолияти семоҳаи кумитаи ноҳиявии ҳизб,
омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 23- юми декабри соли 2022 ва масъалҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор
дода шуданд.
Зимни
ҳисобот раиси кумита зикр намуд, ки баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон,
вусъати тарзи ҳаёти солим, тақвияти ватанпарастии ҷавонон аз ҷониби кумитаи
иҷроияи ҳизбӣ мулоқоту вохӯрӣ, ҳамоишу аксия, чорабинии фарҳангиву сиёсӣ ва
маҳфилҳои маърифативу иттилоотӣ пайваста доир мегарданд. Дар ин радиф, мавсуф
оид ба дастоварду комёбӣ ва камбудиву норасоиҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар давраи
ҳисоботӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвияти фаъолият дар назди
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Раиси
ноҳияи Ванҷ Мардзода Одинашо зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон маҳсули таффакур ва андешаҳои созандаи Пешвои муаззами
миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи
собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ, бо такя ба
масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди
созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Ҳамзамон,
аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои
ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти
марбут ба мудирияти маъалаҳои об таъкидҳои муҳим намуд.
Зикр
кард, ки сарвари оқиландеши мо дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва
нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Пешвои муаззами миллат
яке аз аввалин роҳбаронест, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва
ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус
зоҳир намудаанд. Дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва
намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб
истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд.
Дар
идома қайд шуд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар барои нақшаҳои бунёдкорӣ ва
муаррифии шоистаи амалҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку
созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар
раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир василаи муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд
ёдовар шуд, ки ташвиқи самтҳои сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҲХДТ, мубориза
ба падидаҳои номатлуби замони муосир, дӯст доштани Ватан ва тарбияи ҷавонон дар
руҳияи худшиносию хештаншиносӣ, вусъати фаъолияти дохилиҳизбӣ, сазовор пешвоз
гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз
самтҳои муҳимму афзалиятнок дар фаъолияти ҳизбӣ маҳсуб меёбад.
Дар
охир бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда
қарорҳои дахлдор қабул гардид.