Дар Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ба номи фарзанди ватандӯсту хештаншинос Рустам Убайдуллоев гузоштанд
2023-04-07
Дар идомаи корҳои
таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати татбиқи вусъатманди ҳадафҳои Оинномавӣ ва
Барномавии ҲХДТ дар деҳаи Баракати ҷамоати
деҳоти МирзоТурсунзода ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд.
Дар маҷлиси муассисони
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Ҳисор ва Гулов Пайрав Қудратович-директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №57 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст ба 19 нафар
фаъолони деҳаи Баракат, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи
шахсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи
узви ҲХДТ супорида шуд.
Сипас тибқи
муқаррароти мавҷуда, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Бо пешниҳод фаъолони
деҳа номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи Рустам Убайдуллоев фарзанди
ватандӯсту хештаншинос, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ қаҳрамонона марзи ватанро
ҳимоя намуда, ҷоннисорӣ намуд, гузошта шуд.
Бо ҷонибдории узви
ҳизб Гулов Пайрав Қудратович-директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57
раиси ташкилоти ибтидоии “Рустам Убайдуллоев” интихоб гардид.
Дар маҷлиси муассисони
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Ҳисор нахуст ба волидайни марҳум Рустам Убайдуллоев барои тарбияи
фарзанди қаҳрамону ватандӯст изорӣ сипос
баён намуда, аз ҷасорату ватандӯстии марҳум дар назди фаъолони деҳа ёдовар
гардид.
Дар идомаи суханронии
худ Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор оид ба
масъалаҳои сафарбарнамоии ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои
Мусаллаҳ, тарбияи ватандӯстии фарзандон, пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа,
татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, роҳ
надодан ба зиёдаравию хурофот, вусъати корҳои саҳроӣ, иштироки фаъолона дар амалишавии
нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
боз ҳам муттаҳид гардидан дар атрофи сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Дар фаромади маҷлис Гулов Пайрав
Қудратович-директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 раиси ташкилоти
ибтидоии “Рустам Убайдуллоев” зикр намуд, ки таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ
барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар байни сокинони деҳа
мусоидати фаъол хоҳад намуд.