Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара баргузор гардид
2023-04-07
Дар бинои Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб таҳти раёсати
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Гулафзо Ҷӯраева баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси шаҳри Исфара Ҳайдарзода Ҷаъфар, муовини раиси КИ
ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар
вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон ва аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони
кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва гурӯҳи
таблиғотчиён иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлиси
Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб масъалаҳо оид ба фаъолияти Шӯрои раисони
ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди деҳоти Сурх ва Чоркуҳ ҷиҳати тақвияти корҳои
ташвиқотию таблиғотӣ дар маҳаллаҳои осебпазир,
ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии
“Сароб” №21, омодагиҳо барои даъвати баҳории ҷавонон ба сафи
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории
озмуни шаҳрии “Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти
ибтидоии беҳтарин” мавриди
баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахсут, раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара,
оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи
кумитаи шаҳрии ҳизб гузориш дода, қайд кард, ки дар ин давра,
ҳизбиёни шаҳр ҷиҳати
таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, аз ҷумла муҳайё кардани сатҳу
сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои худ
дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нақши арзанда гузоштанд. Мавсуф зикр дошт, ки дар ин
давра, аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт мулоқоту вохӯрӣ ва соати сиёсӣ оид ба
корҳои таблиғотиву ташвиқотии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои
даврони соҳибистиқлолӣ, қонунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон
аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида шуд.
Сипас, муовини Раиси
КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ба сухан баромада оид ба масъалаҳои
мубрами рӯз, оштинопазирӣ нисбат ба гурӯҳҳои
экстремистию терористӣ,
ҷоннок намудани фаъолияти
ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолияти вакилони
маҷлисҳои шаҳрӣ, фаъолон вобаста ба баланд бардоштани муҳаббат ба Ватан ҳисси
эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, ҳимояи Ватан, фикру мулоҳизаҳои худро
баён намуд.
Зикр
дошт, ки дар ин муддат, ташкилотҳои ҳизб дар шаҳр ҷиҳати дар
сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашнҳои милливу давлатӣ маҷмӯи
тадбирҳоро амалӣ намуда, якқатор маҷлисҳои тантанавӣ, ҳамоишу аксия ва
чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва сокинону
шаҳрвандон доир намуданд.
Дар
идома қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи
барномаҳои созандаи худ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум»
садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти
қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони
азиз тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст ва ташкилотҳои
ҳизбии шаҳр низ
дар ин самт фаъолу ташаббускоранд.
Дар охир ба ғолибони
озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Паём – роҳнамои мо”, ки аз тарафи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара гузаронида шуда буд, диплом ва мукофотҳои пулӣ
супорида шуда, омӯзгорони онҳо бо
туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
Дар
анҷом, бо ироаи таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои дар рӯзнома
баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.