Пагоҳ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад

2022-03-10

Пагоҳ, 11 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 110-солагии рӯзномаи «Бухорои шариф» барномаи идонаи фарҳангӣ доир мегардад, ки зимни ҳамоиш як зумра рӯзноманигорон барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас дар рушди соҳаҳои фарҳангу матбуот, ҳамчунин дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои сиёсати фарҳангии мамлакат ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ мегарданд, иттилоъ доданд дар маркази матуботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Дар ин ҳамоиши идона роҳбарияти вазорат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Иттифоқи журналистон, намояндагони ВАО-и чопӣ ва электронии мамлакат, рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ ва мустақил иштирок менамоянд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» дар вазорат 376 рӯзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 264 адад мустақил, 245 маҷалла, аз инҳо 114-тояш давлатӣ ва 131 адад мустақил, 319 матбаа- 37 давлатӣ ва 282 мустақил, 48 нуқтаи фурӯши китоб- 3 давлатӣ ва 45 мустақил, 71 нашриёт, аз инҳо 10 давлатӣ ва 61 мустақил, 11 агентии иттилоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 10 мустақил ба қайд гирифта шудаанд. Ин маълумот то 25 декабри соли 2021 ба ҳисоб гирифта шудааст. Соли гузашта фаъолияти 29 рӯзнома (18 давлатӣ ва 11 мустақил), 38 маҷалла (29 давлатӣ, 9 мустақил), 18 матбаа (3 давлатӣ, 15 мустақил), 1 нашриёти мустақил, 1 Агентии иттилоотии мустақил ва 2 нуқтаи фурӯши китоби мустақил тамдид карда шуд. Соли 2021 ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 51 нафар фаъолони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 44 нафар бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 34 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги мамлакат ва 48 ВАО барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ бо сипоснома қардонӣ гардида буданд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи идонаи фарҳангӣ ва намоиш-фурӯши китоб ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик соати 15:00 оғоз мегардад.