Ташкили ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд
2023-04-07
Ҷиҳати амалӣ намудани
нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси
муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар
шаҳри Хуҷанд дар доираи ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҷамъияти
Саҳомии Кушодаи НБО «Роғун» ва бо мақсади пур намудани ҷойҳои кории холӣ, ки аз
ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи НБО «Роғун» пешниҳод гардидааст, ярмаркаи
ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
иштирок намуданд.
Ярмаркаи мазкур санаи
6 апрели соли 2023 дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суѓд доир
шуда, дар он 1145 адад ҷойҳои кории холӣ аз тарафи 9 ширкатҳои корфармо
пешниҳод гардиданд. Дар ярмарка сокинони
шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, хоҳишмандон ба қайд гирифта шуданд.
Чунин
ярмаркаҳо минбаъд низ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар
ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил
мегарданд.
Лозим
ба ёдоварист, ки ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар
тавассути анҷом додани сохтмони Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии
«Роғун» ва дигар неругоҳҳо, мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои
барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз
манфиатҳои наслҳои оянда, дастгирии раванди ба истифода додани неругоҳҳои барқи
обии хурду миёна бо назардошти имконияти мавҷуда, таҳкими раванди идомаи корҳо
оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи
дохилию хориҷӣ, мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ ва фароҳам
овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба кишварҳои
хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккули бозори минтақавии неруи
барқ аз нишондиҳандаҳои муҳими барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии
низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ мебошад.
Мавриди
зикри хос аст, ки тӯли ин солҳо аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -
сарпарасти маънавии ҶСК НБО “Роғун” ва зерсохторҳои он дар вилоят ва шаҳру
ноҳияҳо ҷиҳати харидорӣ гардидани саҳмияҳои неругоҳ аз ҷониби аҳолӣ корҳои
мушаххаси таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд. Дар бахши маънавӣ ва фарҳангӣ низ
масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар неругоҳ
борҳо мулоқоту барномаҳои фарҳангӣ ташкил намуда, барои фароҳам овардани
истироҳату фароғати кормандон ва рӯҳбаланд намудани онҳо ҳамеша саҳм
мегузоранд.