Ташкилоти ибтидои ҳизбии “Ёрирасон” аз фаъолияти семоҳаи худ ҳисобот дод

2023-04-06

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолияти дар семоҳаи аввали соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баргузор гардида истодаанд. Дар ин радиф, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ёрирасон" маҷлиси ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор карда шуд.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Гадоев Салим, мудири шуъбаи кор бо занон Мунавараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.

Сараввал рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, сипас раиси ташкилоти ибтидоии "Ёрирасон" аз фаъолияти семоҳаи ташкилот ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки аъзои ташкилоти ибтидоии “Ёрирасон” дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ, фарҳангӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ободии ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Баъдан, бо баррасии муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Гадоев Салим баромад намуда, аз ҷумла, қайд карданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисодӣ ҷаҳон идомадошта татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, стратегияву барномаҳо амалӣ гардида истодаанд.  

Ҳамзамон, мавсуф оид ба ҷалби аъзои ҲХДТ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун андешаронӣ намуданд.

Дар охир зикр гардид, ки ҳадафи бунёдии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ваҳдатмеҳварию ягонагӣ, сулҳгароиву мардумсолорӣ, таъмини ояндаи дурахшони шаҳрвандон ва расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин аҳдофу мароми ҲХДТ боис гардид, ки он ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор ва ба таъбири коршиносони масоили сиёсӣ “фаротар аз як неруи сиёсӣ” фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба масири пурифтихори сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ расонид.

Ҳамчунин дар маҷлис дигар масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Ёрирасон" дар семоҳаи аввали соли 2023 қарори дахлдор қабул карда шуд.