Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид
2023-04-06
Бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, аъзои
Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳри
Хоруғ, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, Шӯрои собиқадорони
ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб дар толори маҷлисгоҳи
ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлолият” маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар
кори маҷлис, раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри
Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, муовини раиси шаҳри Хоруғ оид ба идеология ва узви
Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси КИМ ҲХДТ Шодигул
Қонунзода иштирок ва суханрони намуданд.
Ба баррасии рӯзномаи маҷлис
масъалаҳои ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ аз натиҷаи
ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроия дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо
барои семоҳаи дуюми соли 2023, тасдиқи қарорҳо ва протоколҳои ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси сохторҳои ҳизбӣ, тасдиқи қарорҳо ва фармоишҳои
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод гардиданд.
Нахуст, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ
Соҳибҷон Имомназаров назди ҳозирин аз фаъолияти кумитаи иҷроияи ҳизб дар давраи
ҳисоботӣ гузориш манзур намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки дар ин муддат шумораи
ташкилотҳои ибтидоӣ аз 65 ба 75 адад расида, шумораи аъзои ҳизб зиёд гардид ва
дар рӯзҳои наздик кумитаи иҷроия тасмим гирфтааст, ки аввалин Кумитаи иҷроияи
ибтидоӣ дар сохтори ҳизбии ВМКБ таъсис диҳад.
Сипас, мавсуф доир ба ташкили
гурӯҳҳои корӣ барои таблиғу ташвиқи Паёми навбатии Сарвари давлат, корҳои дар
ин давра анҷомдода, ташаббусу иқдомҳои кумитаи иҷроияи ҳизб, кумаку дастгириҳо
нисбати қишри ниёзманди ҷомеа, пахшу инъикоси мавод оид ба фаъолияти ҳизб дар
шабакаҳои иҷтимоию воситаҳои ахбори омма, саҳми ҳизбиён дар рушди соҳаҳои
маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муфассал гузориш дод.
Дар муҳокимаву музокирарониҳо
муовини раиси шаҳри Хоруғ, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ
"Ифтихор" Суризода Носир иброз намуд, ки мо бояд фаъолиятамонро дар
муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба
созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз
таъсирӣ омилҳои номатлуб бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотӣ ва пешгирикунанда
ба таври ҷиддӣ вусъат бахшем.
Мавсуф бо овардани мисолҳои
мушаххас доир ба фаъолияти хуби аъзои шаҳрии ҳизб, саҳми онҳо дар ободонию
бунёдкориҳои шаҳр ва иқдомҳои пайгиронаи он ҳисоботро пурра намуда, фаъолияти
онро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Ҳамзамон қайд дошт, ки дастуру ҳидоятҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми навбатиашон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии чун роҳнамо дар фаъолияти ҳизбиён маҳсуб меёбад.
Дар ин радиф ёдоварӣ гардид, ки
таъмини амнияти иттилоот ва ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбуб ва
дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ,
вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту
ватанпарасти ҷомеа бошад.
Сипас, Раҷабова Зунайда фаъолияти
Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар давраи ҳисоботӣ
хуб баҳогузорӣ намуда, ба роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ,
инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ҷиҳати ҷоннок
намудани фаъолият ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, мунтазам
гузаронидани хонишҳои сиёсӣ, вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни
ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси худогоҳиву
хештаншиносӣ, ташкили гурӯҳҳои мобилии таблиғотчиён аз ҳисоби аъзои гурӯҳи
вакилони ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб ва мутахассисону коршиносон ва ба саҳми
қишрҳои гуногуни ҷомеа расонидани моҳият ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ
ва ислоҳу бартарафсозии камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта, дастуру супоришҳои
мушаххас дода, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳоро муайян карданд.
Мавсуф дар анҷом доираи масъалаи
ҳаракати низоми бақайдгирию аз қайдбарорӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ ва таблиғи
дурусту ҳаматарафаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастуру роҳнамоиҳо дод. Зикр гардид, ки имрӯзҳо
хушбахтона мо, аъзои ҲХДТ аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани
соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои тадбиқи сиёсати
хирадмандонаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таҳти
шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию
гулгулшукуфоии кишварамон саҳми босазои худро мегузорем.