Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон – наҷотбахши сайёра

2023-04-06

Ҳизбиёни шаҳри Панҷакент дар оғози моҳи нав дарси хониши сиёсиро дар мавзӯи Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон–наҷотбахши сайёра”

доир намуданд.

Шарҳи пурраи ташаббуси навбатии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо андешаҳои оливу наҷиб таҳлил намуда, қабули ин пешниҳоди ҷаҳониро аз тарафи Созмонҳои байналмилалӣ дастоварди навини Тоҷикистон ва ифтихори ҳар як сокини мамлакат номид.

Қайд гардид, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад метавонад ба оқибатҳои манфь оварда расонад.

Мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Мутрибов Алишер ташаббуси навбатии Пешвои миллатро дастоварди таърихии кишвар номида, қайд кард, ки мояи ифтихор ва боиси сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Чунонки мушоҳида мешавад имрӯзҳо дар ҷомеаи илмиву ҷамъиятии кишвари мо дар ҳавои ташаббусҳои Пешвои миллатамон ва қатъномаи қабулгардида як ҳавои ҳамраъйӣ ва амалиёти мушаххас дар ҷодаи амалисозии барномаҳои нави омӯзиш ва амалҳои мушаххас барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳафтае як маротиба дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дарси “Хониши сиёсӣ” оид ба масъалаҳои муҳимми рӯз доир мегардад.