Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ – ахтари илми нуҷум

2023-04-06

Санаи 5 Апрел соли 2023 дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони “Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ – ахтари илми нуҷум” ба муносибати 1095 солагии мунаҷҷим, нобиғаи бузурги тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва Рӯзи кайҳоннавардон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Нахуст, ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Юсупов Ҳасан – муовини директор оид ба таълими Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

дар бораи илми нуҷум ва нақши ахтаршинос ва нобиғаи бузурги тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар он маърӯза намуда, зикр дошт, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ соли 994 дар шаҳри Рай, дар дарбори амири бувайҳӣ Фахруддавлаи Дайламӣ ба расадбандӣ ва мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ пардотааст.

Дар илми нуҷум Абӯмаҳмуди Хуҷандиро устоди Абурайҳони Берунӣ меҳисобанд, зеро Берунӣ бори аввал бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Рай шинос шуда, аз ӯ олати судсро омӯхтааст. Ӯ дар «Китобу-т-таҳдиди ниҳоёти-л-амокин ли тасҳеҳ масофоти-л-масокин» ном асараш Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар сохтани устурлоб ва тайёр намудану ихтирои дигар олоти нуҷумӣ фарди фавқулода ва ягонаи замон ҳисобидааст.

Сипас, Юсупов Ҳасан – муовини директор оид ба таълими Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аҳли кормандонро бо осорхонаи Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ шинос намуд.

Пас аз шиносоӣ бо осорхона, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд филмҳои “Астраномия” ва “Парвози фантастикӣ” тамошо намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар кумичроияи вилоятӣ ҳафтае як маротиба хониши сиёсӣ бо ҷалби мутахассисони варзида дар мавзӯъҳои мубрами рӯз баргузор мегардад.