Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид
2023-04-05
Дар
бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода маҷлиси Кумитаи
иҷроияи шаҳрии ҳизб таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Турсунзода Ҳабибуллозода Нурулло оғоз гардид.
Дар
кори маҷлис узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон Камолов Маҳмадамин, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб,
муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия ва аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб,
раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок
доштанд.
Дар
рӯзномаи маҷлиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб масъалаи ҳисобот оид ба фаъолияти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар семоҳаи соли 2023 ва масъалаҳои
ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нахуст,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода зимни ироаи ҳисобот зикр дошт,
ки Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, баҳри
амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.
Ҳамзамон зикр дошт, ки ҳизби мо таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб ва шоиста бобати таъмини зиндагии шоистаи
мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ,
тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи
арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватан саҳми муносиб
дорад.
Дар
ин радиф, иброз гардид, ки барои мо ҳизбиён мояи ифтихору шарафмандист, ки
ташаббусҳои Пешвои миллат барои ҳалли мушкилоти об боис гаштанд, ки шахсияти
сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии ҷаҳон ва миёни
кишварҳои хурду бузурги сайёраи мо ҳамчун сарвар ва Пешвое шинохта шавад, ки
дар сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонааш миёни арзишу ормонҳои миллии кишвараш
ва ниёзҳои дунёи муосир таносуб ва тавозуни оқилона эҷод намудааст.
Мутобиқи
масъалаи дуюми Маҷлиси кумита, бо ҷонибдории аъзои Раёсат ва аъзои Кумитаи
иҷроияи шаҳрии ҳизб, Негматуллоева Умеда узви Кумитаи иҷроия ва муовини раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода интихоб гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар охир иброз дошт, ки баҳри амалӣ намудани ғояҳои
сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб, ҳамчунин таҳкими истиқлолияти сиёсӣ,
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат аъзои ҳизб масъулияти дучанд бар душ
бошанд.