Таблиғи идеологияи созанда натиҷабахш аст

2023-04-05

Дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Сатторов Абдуғаффор, директори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.

Нахуст ба 8 нафар кормандони Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.

Сипас, дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи он “Чангоб” гузошта шуд.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб Сатторов Абдуғаффор, директори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Нарзуллозода Шоҳрух, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Зимни суҳбат, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи фароғатии кӯдакон ва наврасони “Чангоб”-и шаҳри Ҳисор иқдоми саривақтӣ ва созгори роҳбарияти муассиса арзёбӣ намуд.

Сипас, оид ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи бавуҷуд омадаи ҷомеаи ҷаҳон, минтақа, торафт мураккаб гардидани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ оғоз гардидааст ва ҳар як волидайнро лозим аст, ки барои гусели фарзандони синну соли даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ масъулият ҳис намуда, ихтиёран фарзандонро сафарбар намоянд.

Бо фараҳмандии зиёд аз ташаббусҳои сатҳи баланди байналмилалии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо” ёдовар шуда, роҳбарии Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба масъалаи оби СММ 2023 нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ унвон карда шуд.

Дар идома, оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Дар фаромади маҷлис Сатторов Абдуғаффор иброз дошт, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.