Ташкилоти ибтидоӣ - асоси ҳизб
2023-04-05
Таҳти ҳамин унвон
ҷиҳати таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи
ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии
узви ҳизб дар мавриди таѓйири макони зист ва ҷойи кор, дар асоси нақша -
чорабиниҳои тасдиқгардида омӯзиши фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.
Дар ин асос, мудири
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ҳабибзода Зоир, муовини
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муродов Ҷурабек ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонзода Убайдулло аз
ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заргар» дидан намуданд.
Раиси ташкилоти
ибтидоии ҳизбии «Заргар» Маҳмадёрзода Усмон зимни вохӯрӣ бо гурӯҳи корӣ зикр намуд, ки Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум»
садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти
қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон
тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.
Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он
муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит
ҷиҳати рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди
кишвар мебошад, пайваста саъю талош мекунад.
Дар ин раванд, ҳангоми
боздид ҳолати утоқ ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилоти болозикр, санадҳои асосии
таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботҳои
Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин
саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар идомаи боздид
корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ,
рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ,
пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва ҳолати варақаи узви ҳизб ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ
мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуд.
Дар рафти омӯзиш, аз
ҷониби гурӯҳи корӣ бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ кумаки амалӣ-методӣ
расонида шуд.