Боздид аз раванди фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навовари ҷавон”
2023-04-04
Тибқи
дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
шаҳри Душанбе ҷиҳати сари вақт супоридани ҳаққи узвият, фаъолияти ташкилоти
ибитодии “Навовари ҷавон”-и Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба
номи академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар
ин радиф, фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, танзим ва пардохти саривақтии ҳаққи
узвият, татбиқи бандҳои нақшаи кории ташкилот барои соли 2023, раванди
ҳуҷҷатнигории ташкилот, танзими ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот, ташвиқи
идеологияи созанда мавриди корбарӣ қарор дода шуд.
Зикр
гардид, ки ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ,
ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва
таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерӯи инсонӣ дар кишвар,
инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳибиилму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии
муосир зарур мешуморад.
Лозим
ба ёдоварист, ки дар самти корҳои дохилиҳизбӣ ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо
талаботи Оиннома ва низомномаҳои ҳизбиро сармашқи фаъолияти худ намуда, ҷиҳати
баланд бардоштани нуфузи ташкилотҳои ибтидоӣ чораҳои заруриро андешида
истодаанд.
Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба
роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди
иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд.
Ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ҷиҳати
ташаккули мафкураи миллии мардум тамоми чораҳои заруриро меандешад ва кӯшиш дар
он доранд, ки нерӯи мардумро ба корҳои созандагӣ ва рушди ҷомеа ҷалб намояд.