Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ
2023-04-04
Дар асоси фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз
санаи 5 январи соли 2023,
№1 "Дар бораи тақвияти кори дохилиҳизбӣ"
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои
таблиғотиву фаҳмондадиҳиро тақвият
дода истодааст.
Ҳайати
омӯзишии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз
ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ободонӣ" ва "Нозироти
андоз", “Ҷамоати деҳоти Амондара” ва
“Ориёнбонк” дидан намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва
Барномаи ҳизб, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, тақвият бахшидан ва
самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ маслиҳатҳои
судманд пешниҳод намуданд.
Мавриди
зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри
Панҷакент ҳафтаи аввали ҳар моҳ «Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ» эълон
намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон, дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як раиси ташкилоти ҳизбӣ ва бо ин восита, муайян намудани шумораи дақиқи аъзои ҳизб, саривақт супоридани ҳаққи аъзогӣ, таъкид гардид, ки ҳуҷҷатҳои муҳосибавии Низомнома “Дар бораи фаъолияти молиявӣ” мавриди баррасӣ қарор гирад.
Дар ин радиф, тақвияти корҳои маърифатӣ ва сиёсиву идеологӣ, дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ шуда, тарбияи ҷавонон дар рўҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштан ба мероси маънавии ниёгон, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик, таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.