Боздид аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Канзи шифо”

2023-04-04

Дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати омӯзиши супоридани ҳаққи узвият дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таҳти унвони “Ташкилоти ибтидоӣ – асоси ҳизб”, бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти ташкилоти ибитодии “Канзи шифо”-и Муассисаи давлатии маркази тиббии шаҳрии №3 боздид ба амал оварда шуд.

Зимни омӯзиш, ҳайати комиссия бо раванди фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур шиносоӣ пайдо намуда, самти фаъолияти ҳизб, танзим ва пардохти саривақтии ҳаққи узвият, татбиқи бандҳои нақшаи кории ташкилот барои соли 2023, раванди ҳуҷҷатнигории ташкилот, танзими ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти ҳизб дар ташкилот ва тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ба масъулини ташкилоти ибтидоӣ дастуру тавсияҳои судманд дода шуд. Зимни боздид таъкид гардид, ки аъзои фаъоли ҲХДТ бояд дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум корбарӣ намуда, дар ҳаллу фасли муроҷиатҳои онҳо вобаста ба мушкилоти мавҷудаи соҳа мусоидат намоянд.

Зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ самти афзалиятноки барномаи амали ҲХДТ маҳсуб ёфта, он баҳри таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози ташаккулёбии худ ҳадафи асосию стратегӣ – эъмори давлати демокративу дунявӣ ва  индагии шоистаро мавриди баррасӣ қарор додааст.