Нақш ва ҷойгоҳи тарбияи ватандӯстӣ дар ҳаёти шаҳрвандон
2023-04-03
Дар доираи нақшаи
фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии
ҳизбии “Шафоат”- и Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №6 вохӯрӣ бо иштироки
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло,
директори муассисаи мазкур Худоёрбекова
Марзия, намояндаи шуъбаи амнияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб доир
гардид.
Дар суханронии худ
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қайд намуд, ки ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбии ноҳия бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта,
ҷиҳати ташаккули мафкураи миллии мардум тамоми чораҳои заруриро меандешад ва
кӯшиш дар он дорад, ки нерӯи мардумро ба корҳои созандагӣ ва рушди ҷомеа ҷалб намояд. Тазаккур дода шуд, ки Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ
монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт,
беҳбудии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд.
Ҳамзамон,
намояндаи шуъбаи амният дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"
ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои
ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили
заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар
соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Дар
идома, бо ҷонибдории аъзои ташкилот Худоёрбекова Марзия ба ҳайси раиси
ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафоат” интихоб гардид.
Дар
охир ба нафароне, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда, аъзои ҲХДТ
гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон,
якчанд фаъолони ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бояд
ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ҳизби воқеан созанда ва
нуфузманд дар миёни аҳли ҷомеа табдил ёфта, ҳадафу мақсадаш таҳкими ваҳдати
миллӣ, суботи сиёсӣ, созандагию бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии
шоистаи мардум маҳсуб меёбад.