Хизмати содиқона ба Ватан шараф аст

2023-04-03

Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ташкил ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо барои муташаккилона гузаронидани маъракаи сафарбаркунии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ифтихори ватандориу ватандӯстии ҷавонон, дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Чаббор Расулов мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур аъзои ситод дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи сафарбаркуни чавонони синни даъвати ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок доштанд.

Дар мулоқот муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, муовини раиси Ситод, директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар бораи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат иброз намуданд, ки давлат дар баробари кафолат додани ҳуқуқу озодиҳо, иҷрои вазифаҳоро аз ҷониби шаҳрвандон талаб мекунад. Вазифаи конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 42-45-и конститутсия муайян шуда, дар қатори дигар вазифаҳои конститутсионӣ ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиати давлат ҳамчун вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандон таъкид гардидааст. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд мебошад. Маҷмӯи меъёрҳое, ки вобаста ба масъалаи хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, дар моддаи 43-и конститутсия омадааст.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори ҳимоявии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст ва дар қисмати 2 ин модда гуфта мешавад, ки тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад. Масъалаи ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ низ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба танзим дароварда мешавад. Ҳамзамон зикр гардид, ки Қонуни мазкур 13 марти соли 2005 ба тасвиб расидааст. Он асосҳои ҳуқуқии ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро дар ин соҳа муайян менамояд.

Хизмат ба Ватан дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ хусусияти хоси худро дошт ва дар ҳар давру замон аз рӯи тартиб ва қоидаи хизмат фарқ мекард. Пас, моро зарур аст, ки Ватани тӯли қарнҳо ба мо мерос мондаро пос дорем ва ҳифз намоем, дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузорем ва Ватани азизи хешро аз ҳама гуна таҳдидҳои сиёсию ҳарбии ҷаҳонӣ ҳимоя кунем.