Таблиғи идеологияи созанда дар ташкилоти ибтидоии “Геолог”

2023-04-03

Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон ва дар ин замина ташаккули ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар, дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиистон қарор дорад.

Вобаста ба ин мавзӯъ дар ташкилоти ибтидоии “Геолог”-и Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С.Юсупова вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ Шоҳиён Абдураҳим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Алишер Суфиев раиси ташкилоти ибтидоии “Геолог” ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур тибқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ташаббуси панҷуми Пешвои миллат, ки бо ҷонибдории 153 давлати узви ин созмон қабул гардидааст, ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки ин қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳимму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки 21- 24 марти соли равон дар шаҳри Нью-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сислсилаи чорабиниҳое доир гардид, ки аз лиҳози моҳияту махсусият беназир буда, мақому манзалати бениҳоят баланд, обрӯву нуфузи хоса ва маҳбубияти бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба маҳзари ҷаҳониён гузошт.

Дар идомаи вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокроатии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба тарбияи ҳарбӣ ватанпарастии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби мардонагӣ иброзӣ сухан намуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад, мо насли рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаётдида бояд дар дили ҷавонон бедор намоем, зикр дошт мавсуф.