Сабзу хуррамгардонии пойтахт - мароми мо ҳизбиён
2023-04-01
Ба
ифтихори Рӯзи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри вусъат бахшидани корҳои
созандагиву ободонӣ ҳашари дастаҷамъонаи ҳизбиён бо иштироки фаъолонаи
кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Душанбе ва ноҳияи он, дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигаҳдории
ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.
Бояд
қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии
шаҳрвандон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ташаккул ва рушди фарҳанги
экологӣ, тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ барои истиқболи ҷашнҳои дар пеш
истода амалӣ мегардад.
Лозим
ба ёдоварист, ки тайи 2 соли охир барои ҳамешасабз гардонидани гушае аз ин боғ,
ҳизбиён бо шинонидани ниҳолҳои сояафкан дар солимгардонии муҳити атроф ва боз
ҳам зебову назаррабо намудани шаҳри ҳамешабаҳори Душанбе пайваста саҳм
мегузоранд.
Дар
ин радиф бояд зикр намуд, ки пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар пайи
амалигардонии иқдому ташаббусҳои созандагӣ ободу зебо шуда, ба макони сайёҳату
фароғат табдил ёфтааст. Ободкорию зебоманзарнамоии ҳар гушаи диёри Тоҷикистони
соҳибистиқлол рисолат ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар аст. Ҳизбиён аз
ташаббусу иқдомоти умедбахш ва бо амалӣ намудани корҳои ободонӣ ҷиҳати
хушнамову хушманзар шудани диёри Душанбе ва муҳити таълимии пайвасат талош
менамояд.