Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино”

2023-03-31

Дар асоси нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино”- и Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивии шаҳрӣ”, маҷлиси умумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, директори муассиса Исмоилова Манзура ва аъзои ҳизб доир гардид.

Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки марому маќсади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими сулҳу ваҳдат, ва шукуфоии ватани азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.  

Бояд зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Имрузњо дар ин замина мубориза бар зидди бемориҳои сил, диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, нашъамандӣ, рушди донории хун ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, бартараф кардани камбудиҳои зикршуда ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои соҳа ҳамкориҳо пайваста густариш дода мешаванд.

Дар идома, мувофиқи рузномаи маҷлис бо ҷонибдории аъзои ташкилот Исмоилова Манзура Нодировна ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино” интихоб гардид.