Корҳои таблиғотӣ вусъат меёбанд

2023-03-31

Бо мақсади ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №4”, “Сайф Раҳими Афардӣ”, “Сафармад” ва “Маҳаллаи №9” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни мулоқот нахуст, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” тавзеҳ ёфта, зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бевосита барои муайянсозии дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар ин замина оид ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, бобати таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ» дастур дода шуд.

Дар идома, аз ташаббусҳои Пешвои миллат, дар соҳаи об ва захираҳои обии олам ёдоварӣ шуда, пуштибонӣ ёфтани ташаббуси навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеаи фараҳбахш барои миллати мо арзёбӣ гардид. Қабули қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби 153 кишвари узви Созмони Милали Мутаҳид иқдоми нодир маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки сиёсати пайгирона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти ҳизбиёнро барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ баланд бардошта, барои таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзу оянда чун ворисони арзанда ва фарзандони солеҳ рисолати пешоҳангиро ба ӯҳда мегузорад.