Пешвои миллат – бунёдгузори дипломатияи об

2023-03-30

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи об ва муҳиммияти захираҳои обӣ аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсия ва пешниҳод намуданд.

Бояд зикр намуд, ки шурӯъ аз соли 2000 то инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 7 қарордод вобаста ба масъалаҳои об қабул намуд. Дере нагузашта пешниҳоди дигари Сарвари давлат бобати эълон доштани соли 2025 соли байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо ва ҳамасола ҷашн гирифтани санаи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии  ҳифзи пиряхҳоро низ 153 кишвари узви ин созмон ҷонибдорӣ намуданд ва  бар замми ин иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисикунадани Конфронси дуюми СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогирӣ татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018 -2028,  ки аз 20 то 24 марти соли равон дар шаҳри Ню - Йорки ИМА ҷараён гирифт, ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонид, ки дар ҳақиқат ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист,  ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмӯъ рушди устувор саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар масъалаи обу иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонро мутмаин сохт, ки ин агар аз як ҷониб об манбаи ҳаёт ба ҳисоб равад аз ҷониби дигар он манбаи асосии некуаҳволӣ, амнияти минтақавӣ ва  муҳаррики ҳамкорӣ дар сатҳи минтақа ва  ҷаҳон ба ҳисоб рафта, аз тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори  он ягон кишвари ҷаҳон дур буда наметавонад. Ҳамаи ин ташаббусҳо ба раванди дипломатияи об дар ҷаҳон таъсири пайваста дорад.

Воқеан, бо тасмими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри нав барои аҳли башар ҳадафҳои стратегии ниҳоят муҳим ва комилан ҷадид пешниҳод гардид. Ин пешниҳодотро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуд. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷаҳониёнро ба масъалае ҷалб карда тавонистааст, ки он ба ҳаёти ҳаррӯзаи инсон робита дорад. Азбаски иқдомоту пешниҳоди Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти умумибашарӣ дорад ва баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ нигаронида шудаанд, бинобарин аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ якдилона қабул гардиданд.

Болоравии босуръати соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба самаранокии идоракунии сарчашмаҳои мавҷудаи захираҳои об вобастааст. Аз ин лиҳоз бо назардошти талаботи афзоянда ба ҷустуҷӯи нақшаҳои самарнок ва босуботи идоракунии босуръати захираҳои об, ҳалли афзалияти мушкилоти мавҷуда дар бахши обии мамлакат ва бо мақсади татбиқи фарогиру натиҷабахши механизмҳои бештар, ҳуқуқи идоракунии захираҳои об бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 ба хотири вусъати минбаъдаи ислоҳоти бахши оби мамлакат “Барномаи ислоҳоти бахши оби Ҷумҳурии Тоҷикисон барои солҳои 2016 – 2025” қабул гардид.

Аз нигоҳи коршиносони соҳа рушди устувор рушдест, ки густариши иқтисодиёт ва безарфиятти экологӣ пеш бурда мешавад ва он се омилро дарбар мегирад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад. Агар ба нуқтаҳои қатъномаи қабулшуда, дар масъалаҳои обу иқлим, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ ва давлатҳои ҷаҳон қабул ва мавриди амал қабул қарор гирифтаанд, назар намоем аз як тараф онҳо ба ташакул додани маърифати экологӣ дар арсаи ҷаҳон равона гардида бошанд, аз ҷониби дигар масоили дипломатия об, об ва ҳаёт ва дастрас шудан ба рушди устувор маҳаки асосии барномаҳои мазкурро ташкил медиҳанд.

Дар асоси қатъномаҳои қабулшуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, сиёсати экологии худро дар сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ намояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаи хеш дар самти масоили об бори дигар нишон доданд, ки ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами умумиҷаҳонӣ бетараф нестанд. Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар конфронс таъкид доштанд, ки “Мо бояд дарк намоем, ки дар ин масъалаҳо кишварҳо ҳоло ҳам ба мушкилотҳо рӯбарӯ мешаванд ва ҳалли онҳо аз мо амалҳои дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Аз ин рӯ қабл аз ҳама мо бояд чунин механизмҳои амалигардонии ҳадафу мақсадҳои мувафиқашударо таҳия ва роҳандозӣ намоем, ки дар асоси онҳо ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандаи об ҳам имконияти дастрасӣ ва ҳам имконияти баробари қонеъгардонидани ниёзмандии худро ба об дошта бошанд.”  Тибқи маълумотҳо коршиносони соҳа мегӯянд, ки бештар аз 70 фоизи  сатҳи курраи заминро об ташкил медиҳад.

Танҳо тақрибан як фоизи ҳаҷми патенсиали ҷаҳонии захираҳои об ба гурӯҳи обҳои нӯшокӣ дохиланду халос, зиёда аз ин тақрибан 60 фоизи экосистемаҳои табии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об алоқаманданд бар асари шиддати равандҳои таъсироти ногувори антропогони харобгардида ҳисобида мешаванд. Ин ҳолат ба ҳаҷм ва самаранокии захираҳои обҳои истифодашаванда, пеш аз ҳама оби нушокӣ таъсири ногувор мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили обро дар сатҳи байналмилалӣ гузоштанд ва ҳамагон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд, яъне як дипломатияи нав, самти навро дар сатҳи ҷаҳонӣ гузоштанд, ки равобити умумии инсонҳоро дар самти масоили об ва экологӣ пешниҳод карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъбасти конфронс таъкид намуданд, ки дар давоми 3 рӯзи охир конфронси СММ оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард, зеро об сарчашмаи ҳамаи мавҷудоти зинда дар олам буда, қудрати муттаҳидсозии қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро дорад.

Иқдомоте, ки зери сиёсати Роҳбари давлати мо пиёда шуданд, нуфузи байналмилалии кишвари мо ва инчунин фарҳанги баланди миллати тоҷикро муаррифӣ кард.

Бори дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат собит намуд, ки тоҷикон гарчанде, ки дар саргаҳи об қарор доранд, ҳамеша чун ниёгонашон ба мардуме, ки аз ин неъматҳо танқисӣ мекашанд ва ба ин неъматҳо ниёз доранд, фикри онҳоро карда истодааст. Аз ҷониби иштирокчиёни конфронсу ҳамоишҳо ба саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо ташабус намуданашон баҳои баланд доданд.

 

Назокат Юсуфӣ,

 сармуҳаррири нашрияи “ШАФАҚ”