Дар ташкилоти ибтидоии “Муҳандис” вохӯрӣ доир гардид

2023-03-30

Дар ташкилоти ибтидоии “Муҳандис”-и Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе тибқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Шоҳиён Абдураҳим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Рабизода Наҷибулло раиси ташкилоти ибтидоии “Муҳандис” ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба тарбияи ҳарбӣ ватанпарастии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби мардонагӣ иброзӣ сухан намуд.

Қайд гардид, ки тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон ва дар ин замина ташаккули ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиистон қарор дорад.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизати марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад, мо насли рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаёт дида бояд дар дили ҷавонон бедор намоем.

Дар идомаи вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки 21 - 24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сислсилаи чорабиниҳое доир гардиданд, ки аз лиҳози моҳияту махсусият беназир буда, мақому манзалати бениҳоят баланд, обрӯву нуфузи хоса ва маҳбубияти бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба маҳзари ҷаҳониён гузошт.