ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ЗАМИНАИ ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2023-03-29

Истиқлолияти давлатӣ ифтихор ва нангу номуси мост, он нишонаи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ва озодии миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи соҳибному сарбаланди тоҷик қисматашро ба дасти худ иншо мекунад ва низоми давлату давлатдориашро мустақилона амалӣ менамояд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатии худро бо аксари кишварҳои ҷаҳон барқарор намуда, Истиқлолияти давлатии моро бештар аз 150 давлат расман эътироф кардааст. Кишвари мо дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шудааст ва дар ин анҷуманҳо аз манофеи миллӣ дифоъ мекунад, назари худро оид ба мушкилоти глобалии масоили ҷаҳонӣ баён месозад ва пешниҳоди мушаххасро дар бораи ҳалли онҳо ба миён мегузорад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, махсусан масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. 

Қабул ташаббусҳои Тоҷикистон аз қабили эълон кардани соли 2003 - “Соли оби тоза”, соли 2013 - “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2018-2028- Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 мавқеи устувори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сиёсати ҷаҳонӣ бозгӯӣ менамояд.

Рӯзҳои 22-24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси оби СММ баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд мизбонони ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба шумор мерафтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 “Тоҷи кунгурадор”-тӯҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид, ба муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои стратегӣ, сиёсӣ ва назорат дар соҳаи идора, раиси комиссия оид ба фарҳанг Катрин Поллард супориданд.

Тоҷи кунгурадор бозёфти нотакрори таърихӣ буда, ба замони оғози ташаккулёбии халқи тоҷик - ибтидои давлатдории Кушониён рост меояд ва бо номи этникии “тоҷик” робитаи бевосита дорад. Реша ва асли калимаи “тоҷик” аз вожаи “тоҷ” ва маънояш тоҷдор, яъне давлатдор мебошад.

Пешвои миллат ба таври рамзӣ ба ҷаҳониён нишон доданд, ки халқи тоҷик давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст, таърихи қадими давлатдорӣ ва мероси ғании фарҳангӣ дорад. Таъкид гардид, ки туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи нақши назаррас ва рамзи аҳаммияти санъат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.

Ин нигора, ҳамчунин, таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро, ки аз замонҳои қадим дар руҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои дигар дар руҳияи сулҳу субот ҳамзистӣ доштааст, муаррифӣ мекунад.

Хулоса, санаи баргузории конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 дар саҳифаҳои навини таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихӣ сабт гардида, боиси ифтихори кулли тоҷикон аст.

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар муваззафем, ки бо руҳбаландӣ аз пазироии ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат дар сиёсати глобалӣ тамоми саъйю талоши худро баҳри боз ҳам мустаҳкам гардонидани мавқеи Тоҷикистони азиз, баҳри муаррифии дастовардҳои он равона намоем.

Нусратова Шаҳноза

Мудири шуъбаи таблиғот,

иттилоот ва матбуоти КИ

ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб