АЗ МИНБАРИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ПАЙҒОМ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

2023-03-28

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин борҳо андешаҳои худро доир ба мушкилоти минтақа ва ҷаҳон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар чорабиниҳои сатҳи гуногун баён намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои инсонӣ ва инчунин роҳҳои ҳаллу пешгирии он даъват намудаанд.

Оид ба мушкилоти оби тоза агар андешаронӣ намоем, аён аст, ки ҳамарӯза анқариб ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Ҳазорон одамони дигар аз камбудии об дар олам азоб мекашанд. Аз ин лиҳоз, бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилоти сайёра даъват намуданд.

Бояд қайд намуд, ки “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 – 2028” аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Илова бар ин, боиси хушнудӣ ва истиқболу сарфарозист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзӯи обу иқлим мебошад.

20 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Пешвои миллат дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти ин мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои барқароркунии баъд аз пандемия, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм муҳокима гардид. Инчунин, ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои асосии мулоқот буданд.

21 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон”, ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Эрл Кортеней Раттрей, муовини дабири кулли СММ, сафирони кишварҳо ва намояндагони расмии дигар давлатҳои аъзои СММ, инчунин дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ – 2023 иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғаниву қадима, табиати зебову нотакрори давлат, захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъат ва ҳунармандиву меъмории мардуми тамаддунсозӣ тоҷик мебошад.

22 марти соли 2023 Пешвои миллат дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.

Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро иброз намуда, аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Таъкид гардид, ки мо бояд дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор Харитаи роҳро барои соли 2025 таҳия намуда, раванди омодагиро ба соли 2025 ва Конфронси болозикр фарогиру натиҷаовар ба роҳ монем.

Мавлоназаров С.С.,мудири кафедраи технологияи

Итттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи

идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, аъзои ҲХДТ дар ТИ "Сарвар"