Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – сарпарасти маънавии ҶСК "НБО Роғун”

2023-03-28

Таҳти ҳамин унвон дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба роҳ мондани таблиғу ташвиқ ва ҷалби сокинони бешуғл аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати фаро гирифтан ба кор дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун”, бо ҷалби васеи аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур аксияи ҳизбӣ доир гардид.

Зимни баргузории аксияи мазкур ба миқдори зиёда аз 100 адад варақаҳои тарғиботӣ бо нишон додани вазифаҳо ва ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК “НБО Роғун” ба сокинон тақсим карда шуда, ҳамзамон аз онҳо ҷиҳати фаро гирифтанашон ба кор дар ҶСК “НБО Роғун” даъват ба амал оварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур минбаъд низ ташкил ва баргузории аксияҳои тарғиботиро бо роҳи баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, нашри эълонҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва доир намудани корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати ҷалби сокинони бешуғл ба кор дар ҶСК “НБО Роғун” ба роҳ хоҳад монд.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сарпарастии маънавии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба зимма гирифта, ҳамеша талош менамояд, ки ин иншооти таърихию тақдирсозӣ миллат дар муҳлати муқарраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ин масъала дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дорад ва барои амалӣ намудани ин иқдоми бузург тадбирҳои ҷиддӣ мунтазам андешида мешаванд.

Тайи солҳои охир ҲХДТ фаъолияти густурда амалӣ намудааст, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, ба тарғиби «Роғун» ҳамчун меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтари мардуми кишвар, муаррифии шоистаи ин «Кохи нур»-и Тоҷикистон ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми ҷомеа ва баланд бардоштани рӯҳияи кормандони ин коргоҳи бузург нигаронида мешавад. Дар ин росто корҳои зиёде анҷом шудаанд ва дар оянда низ нақшаҳои мукаммал тарҳрезӣ мегарданд.