Ҷавонон ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа

2023-03-28

Дар доираи мавзуи болозикр вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.

ҲХДТ дар раванди давлатсозӣ ва ташаккулдиҳии мактаби Пешвои миллат ҳамчун такягоҳи боэътимоди сиёсӣ ва мафкуравӣ нақши калидӣ бозид. Ҳизб тавассути неруҳои созандаи худ чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таҳия ва арзёбӣ менамояд.

Дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар масъалаи тарбияи кадрҳо, хусусан коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ, аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос муассисаҳои тандурустиро таъмин намуда ва сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.

Дар шароити имрӯза низ истифода аз нерӯи зеҳнии ҷавонон дар самти тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳизб ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ дар мамлакат тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дили таффакури мардум реша мегирад. Он аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии Ватан зери шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» саъю талош меварзад.