Наврӯз оини ҷавонмардӣ ва хайру эҳсон

2023-03-27

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва нақшаи кории Кумитаи иљроияи ноҳиявии ҳизб, аксияи идонаи "Наврӯз - оини ҷавонмардӣ ва хайру эҳсон" баргузор гардид.

Аксияи мазкур бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаву мардумсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар доираи он ба ятимони кулл дастархони идона ороста шуд.

Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар вилоят як гурӯҳ вакилону фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни ифтитоҳи аксияи мазкур аз ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ нисбат ба қишри ниёзманди ҷомеа ёдовар шуда, гуфт, ки аъзову ҷонибдорони ҳизб дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ ҳамаи ин ташаббусҳои наҷибу хайрхоҳонаи Раиси муаззами ҳизбро роҳнамои кору фаъолияти худ медонанд, ки чорабинии имрӯза низ далели ин гуфтаҳост.

Зайнура Умарзода ба муносибати аксияи "Наврӯз - оини ҷавонмардӣ ва хайру эҳсон" ба кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чунин ҳамоиш ибрози сипосу миннатдорӣ кард.

Сипас, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, узви гуруҳи вакилии ҲХДТ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода ба ҳар як нафар иштирокчии аксия маблағи 200 сомонӣ туҳфа карда шуд. 

Суҳбати самимии роҳбарияти кумиҷроияи вилоятӣ ва фаъолони ҳизб дар сари дастархони идона ба иштирокчиёни аксия рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар охири аксия Муродулло Почозода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба суннатҳои неки ҷашни Наврӯз сухан гуфта, амалӣ намудани корҳои хайру савобро аз ҷумлаи оинҳои неки ин ҷашни аҷдодӣ донист.

Бояд гуфт, ки чунин аксияҳои хайриявӣ бо ташаббусу сарпарастии ҳизбиёни ноҳияи Мастчоҳ дар арафаи ҳамаи ҷашнҳои милливу давлатӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.