Нақши Тоҷикистон дар баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023

2023-03-27

Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, махсусан масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Як қатор иқдомҳои Тоҷикистон, ки дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидаанд, обрӯю эътибори давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд намуда, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд. Айни замон ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 амалӣ мегардад. Ҳамзамон, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” қабул намуд, ки ифтихори ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид Фонди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз пешвоёни ҷаҳоние мебошанд, ки масъалаи обро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пайваста пайгирӣ менамоянд ва ташаббусҳои созандаеро дар ҳалли мушкилоти об дар сайёра пешниҳод менамояд. То имрӯз вобаста ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои об қабул гардидаанд. Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи давлатҳои сайёра мушкилоти норасоии об барои нӯшокӣ, заминҳои полезӣ дошта, хушксолӣ, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар офатҳои табиӣ монеаҳои асосии рушди устувор ва зиндагии сазовори аҳолии ҷаҳон гардидаанд. Ҳадафи ташаббусҳои Сарвари давлат дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида шудааст, як ҳодисаи муҳимми сиёсӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обро Тоҷикистон ва Нидерланд мизбонӣ намуда, он ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” алоқамандӣ дорад ва дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид пас аз 46 сол бори дуюм баргузор мегардад (нахустин Конфронси оби СММ соли 1977 дар Мар-дел-Плата). Ба Тоҷикистон вогузор гардидани нақши мизбонии “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023” барои халқи тоҷик ифтихори бузург ва ҳамзамон масъулияти ҷиддие ба ҳисоб меравад, зеро дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обиву обёрӣ, истифодаи оқилонаи об ва андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ мешаванд.

Ҳадафи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо, андешидани чораҳои қатъӣ барои коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, сарфакоронаю одилона истифода бурдани захираҳои об дар сатҳи глобалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа доир ба истифодаи об дар сатҳи миллӣ мебошад.

Пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёраи мо ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла обҳои Тоҷикистон ба сифати кишвари манбаи обҳои минтақавӣ асосан аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Зери таъсири тағйирёбии иқлим миқдори пиряхҳо торафт кам мешаванд, махсусан, давоми чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд. Маълум аст, ки шумораи аҳолии сайёра босуръат меафзояд, аммо нишондиҳандаи таъмини об ба сари ҳар нафари аҳолӣ сол ба сол камтар мегардад. Агар раванди босуръати обшавии пиряхҳо саривақт пешгирӣ карда нашавад, дар даҳсолаи наздиктарин масъалаи таъмини аҳолии сайёра ба оби тоза боз ҳам шиддат мегирад. Тоҷикистон ҳамеша аз истифодаи сарфакаронаву оқилонаи об дар минтақа ва сатҳи ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки “имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “нерӯи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад. Дар ин радиф тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо, чи дар Арктикаву Антарктида ва чи дар қитъаҳои континенталии сайёра, намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад. Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати шумораи аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад... Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст. Тоҷикистон низ ҳамасола аз офатҳои табиии марбут ба об хисороти зиёди молию ҷонӣ мебинад. Ин ҳолат ба талошҳои мо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд”.

Дар рафти суханронии хеш Сарвари давлат бори дигар зарурати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои об, идора ва истифодаи об, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ, обшавии пиряхҳо, офатҳои табии ба гармшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо алоқаманд, ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва дигар масъалаҳои ба об алоқамандро таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 тӯҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи номи этникии “тоҷик” – тоҷи кунгурадорро, ки бозёфти нотакрори таърихии замони давлатдории Кушониён ба ҳисоб мерафт, ба Созмони Милали Муттаҳид тақдим намуданд. Пешвои миллат ба таври рамзӣ ба ҷаҳониён нишон доданд, ки халқи тоҷик давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст, таърихи қадими давлатдорӣ ва мероси ғании фарҳангӣ дорад, калимаи “тоҷик” аз истилоҳи “тоҷ” гирифта шудааст ва маънояш тоҷдору давлатдор мебошад. Сарвари давлат дар маросими тақдими тоҷ қайд намуданд, ки ин тӯҳфа сипос ва дастгирии мардуми тоҷик аз ҳадафҳо ва арзишҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти таҳкими муносибатҳои баробар ва дӯстонаи байни кишварҳо мебошад. Албатта, чунин ҳадяи арзишманди Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид сабаб мегардад, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик боз ҳам зиёдтар гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» суханронӣ намуда, ин чорабинии канориро қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва самарабахшии натиҷаҳои он номиданд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки торафт зарурати ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи оби тоза шиддат мегирад, зеро обшавии пиряхҳо зери таъсири омилҳои гуногун босуръат афзуда, боиси тағйирёбии муҳити табиӣ ва офатҳои табиӣ мегарданд. Пешгирии обшавии пиряхҳо як раванди ҷиддиест, ки онро бо баргузор кардани чорабиниҳо дар доираи як сол ва ё ҳатто чандсолаҳо пешгирӣ кардан ғайриимкон мебошад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи пиряхҳо бояд талошҳои муштарак намуда, пеш аз ҳама, гармшавии ҳарорати ҳаворо пешгирӣ кардан лозим аст. Ҳадафи ташаббуси Тоҷикистон барои пешниҳоди эълони Соли ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ барои коҳиши ин раванд ва устувор сохтани иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар” иштирок намуда, бо иштирокчиёни конфронс дар намоишгоҳ бо маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, аз сару либоси миллӣ, ҳунари кандакорӣ дар чуб, оҳангарӣ, нонҳои хуштамъ, санъати рассомӣ, асбобҳои мусиқӣ, расму мусаввараҳо аз мавзеъҳои зебову нотакрори кишвар ва маҳсулоти аз сангҳои қимматбаҳои Ватан омодагардида шинос шуданд. Бояд эътироф намоем, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, ҷаҳонӣ гардонидани Наврӯз ҳамчун куҳантарин ҷашни мардуми ориёнажод нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.

Дигар ҳодисаи муҳим дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоҳибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони Созмони Миллали Муттаҳид мебошад. Дар рафти мусоҳиба Президенти Тоҷикистон доир ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, масъалаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои асосии Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025, ҳамасола таҷлил кардани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва дигар масъалаҳои ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва таъсири офатҳои табиии вобаста ба обу иқлим ба иқтисоди кишварҳо, сиёсати хориҷии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи худ қайд карданд, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар давоми 20 соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард. Натиҷаи қабул гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2005-2015 – даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои ҳаёт” ва даҳсолаи байналмилалии 2018-2028 “Об барои рушди устувор” мебошанд. Президенти Тоҷикистон бори дигар хотирнишон намуданд, ки ҳамаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об ба манфиати аҳли башар, ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вобаста ба об нигаронида шудаанд, зеро вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан, оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ мегардад.

Хулоса, Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд роҳбарӣ ва назорат намуданд. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон”, тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар”, чорабиниҳои “Об моро муттаҳид месозад” ва “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 бори дигар собит намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳони муосир буда, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об, ки аз он соҳаҳои дигари муҳим, мисли ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳо вобастагӣ доранд, саҳми бузург гузошта метавонанд.

Маҳмадизода Н.Д. – декани

факултети фалсафаи ДМТ

Миров Ф.С. – мудири кафедраи

сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ,

аъзои КИИ "Дониш