Тақвияти корҳои ободонӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз
2023-03-18

Ба истиқболи ҷашни фархундаи
Наврӯз бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
баҳри вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳашари дастҷамъонаи ҳизбиён
дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигаҳдории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки шанбегии
мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ҳамчун нишонаи
маданияти шаҳрнишинӣ, ташаккул ва рушди фарҳанги экологӣ, тақвияти корҳои
ободониву бунёдкорӣ барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас амалӣ мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки тайи 2
соли охир барои ҳамешасабз гардонидани гушае аз ин боғ, ҳизбиён бо шинонидани
ниҳолҳои сояафкан дар солимгардонии муҳити атроф ва боз ҳам зебову назаррабо
намудани шаҳри ҳамешабаҳори Душанбе пайваста саҳм мегузоранд. Ин навбат бо ташаббуси
кормандони ҳизбӣ 200 адад дарахти арча баҳри кабудизоркуниву ободии диёр
шинонида шуданд.
Дар ин радиф бояд зикр намуд, ки
тозаву обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинонидани
ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, аёдати пирони барнодил, ранҷурону
беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон
аз ҷумлаи анъанаи нек ва суннатҳои писандидаи Наврӯзи аҷам маҳсуб меёбад.
Расму ойинҳои ин ҷашн дар заминаи
тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба
одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногун роҳ ёфта, дар
тамоми кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, бо номи Наврӯз ифода меёбад.
Эҳёи Наврӯз ҳамчун рамзи некӣ,
рӯшноӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур барои афзудани гармии меҳру
ихлоси мардуми Тоҷикистони азиз, равнақи созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву
шукуфоии сарзамини аҷдодии мо нақши муассир гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш
хуррамиҳоро мужда меоварад.