Ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз”

2023-03-18

Дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз”доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонзода Убайдулло, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов, Ғаниев Рустам, таърихнигор Шарипов Ҷамолиддин, аъзои ҳизб аз ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, Қурбонзода Убайдулло зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва мондагортарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор меравад. Рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун ва ба истилоҳи имрӯза гуфтугӯи тамаддунҳо буда, аҳкоми наврӯзӣ ҳамчун фарҳангистони маърифат дар миёни халқу миллатҳои сайёра эътибори башарии ин ҷашнро сол аз сол афзун намуда истодааст.

Сипас Мирзозода Иброҳим ҳозиринро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбошӣ намуда, қайд кард, ки тоҷикон аз зумраи он миллатҳои кўҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашни муқаддаси миллӣ – Наврўзро новобаста аз низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрўз бирасонанд ва тайи солиёни истиқлолият таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандориву шаҳомати ориёна ҳарсола ҳамчуни ҷашни байналмилалӣ таҷлил намоянд.

Дар идома Ғаниев Рустам зикр намуд, ки Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар руҳу ҷони одамон падид меоварад.

Ҳамзамон, Шарипов Ҷамолиддин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар таърихи башарият расму ойинҳо ва анъанаҳо нақши муҳимро ифода менамуданд. Анъанаҳо ҳамчун ниҳодҳои иҷтимоии фаъолияти ҷомеа дар низоми танзими тарзи ҳаёти халқу миллатҳо нақши калидӣ мебозиданд. Анъанаҳо бо инкишофи ҷомеа ва метавон гуфт бо диалектикаи ҳаёт сахт алоқаманд будаанд. Мондагор будани ҷашну маросимҳо аз ду ҷанба дорои аҳаммият мебошад.

Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва ормонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.