Табодул ва омӯзиши раванди пешбурди фаъолият

2023-03-18

15 марти соли ҷорӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор дар муколамаи сатҳи баланди Ҳизби коммунистии Чин ва дигар ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон тариқи видеоконференсия иштирок намуданд.

Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин Си Ҷинпин зимни ифтитоҳ зикр намуд, ки таҳаммул, табодул ва омӯзиши мутақобила байни тамаддунҳои мухталиф дар пешбурди раванди таҷдиди башар ва таъмини шукуфоии тамаддуни ҷаҳонӣ нақши ногусастанӣ доранд.

Зимни суханронӣ қайд намуд, ки Ҳизби Коммунистии Хитой тарафдори мустаҳкам намудани мубодила ва ҳамкорӣ бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ буда, барои густариши умумияти ғоявӣ, манфиатҳо ва нерӯи равобити байниҳизбӣ дар шакли нав барои бунёди модели нави муносибатҳои байналмилалӣ ва тавсеаи шарикии ҷаҳонӣ тавассути таҳкими шарикӣ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон истифода шавад.

Ҳизби Коммунистии Хитой аз рӯзи таъсисёбӣ то инҷониб, дар пешбурди ислоҳот ва бозсозӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дуввумин кишвари иқтисоди босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон дар соҳаи тараққиёт шарикони баробарҳуқуқ мебошанд. Он бояд мушкилоти кишварҳои дигарро ба инобат гирад ва ҳатто дар ҳоле, ки манфиатҳои мустақими худро амалӣ кардааст, боз ҳам барои ба роҳ мондани шарикии баробарҳуқуқии ҷаҳонӣ ба рушди муштарак мусоидат кунад.

Модели нави шарикии глобалӣ муносибатҳоро дар заминаи баробар, вобастагӣ аз ҳамдигар ё тақсимоти масъулият дар бар мегирад. Кӯмак ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ масъулияти давлатҳои пешрафта аст. Дар баробари ин давлатҳои тараққиёбанда бояд иқтидори худро барои рушди мустақилона мустаҳкам намоянд ва дар соҳаи байналхалқӣ уҳдадор бошанд, то ба қувваю ҳуқуқҳои худ мувофиқ гарданд.

Дар айни замон дар баробари хавфу мушкилиҳои умумӣ ҳамаи мамлакатҳо бояд ихтилофҳои худро бартараф намуда, аз манфиатҳо пурра истифода баранд.

Бояд тазаккур дод, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи наздиктарин ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Кишвари мо феълан аз ченаки рушду тавсеаи бемайлони шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар асоси анъанаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ, эҳтирому эътимоди мутақобила ва ҳамкориҳои судманду созанда қаноатманд аст.

Тоҷикистон дар ҳама ҷо ҷонибдори таҳкими равобити гуногунҷанбаъ бо Чин буда, идомаи муколамаи фаъоли байнидавлатиро омили асосии пешрафти муваффақи ин раванд медонад.

Мо боварии комил дорем, ки бо саъю кушиши якҷоя муносибатҳои ҳасанаи ду мамлакат мувофиқи манфиатҳои куллӣ амалӣ мегарданд.