Наврӯзӣ оламафрӯз

2023-03-17

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод маҳсуб меёбад, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсоларо дар бар мегирад. Дар ин муддати таърихи тулоние, ки мардуми ориёинажод ин иди бузурги аҷдодиро новобаста аз руйдодҳои гуногуни тахрихӣ маҳфуз нигоҳ доштанд, миллати тамаддунофари тоҷик низ борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию аҷнабиёну бадхоҳон рубарӯ шуда, гирдобу ҳаводис ва таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуда, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ин ҷашни ниёгонро ҷаҳонӣ гардониданд.

Зери ин гуфтаҳо ҳамагон хуб шоҳид ҳастем, ки бо ташаббусҳои пайваста ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримодии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва ҳамзамон 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуд ва Наврӯзи Аҷам мақоми ҷаҳониро ба худ касб намуд.

Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор буда, аз қадим дар байни мардумони Машриқзамин таҷлил карда мешуд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи мо расидааст.

Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шӯравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо миллати куҳанбунёд тавонист, дубора Наврӯзро зинда кунад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад, имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст.

Воқеан, Наврӯз ва баҳор ин аёми шукофоист, ҳама гулпўшу гулрез аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта нишаста нағмасароӣ мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушҳолӣ карда, баҳори накӯпайро пешвоз мегиранд. Наврўз расму оинҳои худро дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёре аз онҳо ба мо расидаанд. Пеш аз ҳама, кӯдакон дар саршавии фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай маросими гулгардониро ба ҷой меоранд.

Гулгардонӣ маросимест, ки кўдакон гулҳои наврустаи баҳориро хона ба хона бурда, мардумро ба омад-омади баҳор ва Наврӯзи Аҷам табрик месозанд. Дар навбати худ соҳибхона ба онҳо ҳадяе медиҳад. Инчунин дар Наврӯз одамон ба тозаву озода кардани макони зист мепардозанд. Чун анъана кинаю ҳасадро аз дилҳо зудуда мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, гулхан меафрӯзанд ва дар баъзе минтақаҳо бошад аловпарак мекунанд.

Албатта, дар ин рўз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзӣ меороянд, шеъру ғазалхонӣ мекунанд. Дар ин рӯз бисёре аз мардумон ба сайру тамошои дашту саҳрои гулпӯши ватани азизамон мебароянд ва аз ҳавои софу беғубор нафас мегиранд. Яке аз хўрокҳои маъмули Наврӯзӣ ин суманак мебошад. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Аз вақти гузоштан то ба тайёр шуданаш, ҳатто, ҳафтаҳо зарур аст. Суманакро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон тайёр мекунанд.

Мардуми мо Наврӯзро ба ҳайси падидаи паёмовар, шодмониҳо, зебоиҳо ва самимият ид мекунанд. Наврӯз барои деҳқони тоҷик фурсати мувофиқ аст. Наврӯз ҷашни тозагии рӯҳ аст ва ҷашни бархурдорӣ аз хушиҳои зиндагист. Бегуфтугӯ ҷашни зиндаест аз ҷашнҳои дигари ориёӣ. Ин ҷашни тавҳиди Инсон ва Табиат аст. Аз ҳамин хотир, тӯли ҳазорсолаҳо аз лавҳи хотири инсонҳо зудуда нашуда, балки тамоми расму оини наврӯзӣ то ба имрӯз дар гӯшаю канори мамлакат роиҷ аст.

Салимова Сабоҳат,

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш