Вохӯрии номзад ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи интихоботии №1 бо интихобкунандагон баргузор гардид

2023-03-17

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳавзаи интихоботии №1 Гуреззода Умед бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №1 баргузор гардид.

Дар вохӯри Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Раиси комиссисяи интихоботии ноҳиявӣ, муовини якуми раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ иштирок доштанд.

Қайд гардид, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" баъди бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаи интихоботӣ таблиғу ташвиқ ва муаррифии барномаи номзадҳо роҳандозӣ карда мешавад.

Дар идомаи вохӯрӣ шарҳи ҳоли номзад Гуреззода Умедро муаррифӣ намуда, аз фаъолият дар соҳаи иқтисодиёт ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва роҳбарии ӯ ёдовар шуд.

Ҳамзамон, самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад, ки бахши таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, рушди маориф, сиёсати ҷавонон ва варзишро дарбар мегирад, ба интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №1 шарҳ дода шуданд.

Таъкид гардид, ки самтҳои Барномаи номзад аз ҲХДТ Гуреззода Умед аз "Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025" маншаъ мегирад.

Дар анҷоми вохӯрӣ аз сокинон ва интихобкунандагони участкаи интихоботӣ даъват ба амал овард, ки санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ дар интихобот фаъол бошанд.